Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари давлатии Аҳмадинажод ба Лубнон шурӯъ шуд


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, бори аввал ба хотири анҷоми сафари давлатӣ вориди Лубнон шуд. Қарор аст, ки дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ ӯ бо мақомоти Лубнон гуфтушунид кунад ва ҳамчунин дар манотиқи таҳти назорати гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” – дар ҷануби Бейрут ва дар марз бо Исроил бо лубнониҳо мулоқот намояд. Имрӯз издиҳоми бузург дар хиёбонҳои Бейрут аз Маҳмуди Аҳмадинажод истиқбол кард.
Дар ҳамин ҳол, сафари Аҳмадинажод мавриди интиқоди вакилони ғарбгарои парлумони Лубнон қарор гирифт. Сафари раисиҷумҳури Эронро Иёлоти Муттаҳида ва Исроил маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG