Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи "ҷосусҳои хориҷӣ" дар Эрон шурӯъ мешавад


Додситони Теҳрон имрӯз гуфт, ки ба зудӣ бозрасии додгоҳии панҷ нафари муттаҳам дар ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои хориҷӣ, манзураш, ИМА ва Исроил шурӯъ мешавад. Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ дар бораи ҳуввияти муттаҳамон ва рӯзи шурӯъи мурофиаи додгоҳӣ иттилоъ надод. Ӯ фақат гуфт, ки ин панҷ нафар “иттилоъ дар бораи барномаи кайҳонӣ, ҳамчунин маълумот дар бораи вазъи дифоъӣ ва иқтисодии Эронро дар ихтиёри душманон мегузоштанд”.
Аз ин пеш Ҳайдар Муслиҳӣ, вазири кашфи Эрон, гуфта буд, ки мақомот чанд“ҷосуси ҳастаи”-ро боздошт кардаанд, ки талоши латма задан ба барномаи баҳсбарангези ҳастаии кишварро доштанд. Ва аммо Давлатободӣ дар баёнияи худ ба барномаи ҳастаии кишвар ишорае накардааст.
XS
SM
MD
LG