Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 18 нафар дар сӯхтору таркиш дар Хуррамобод


Бар асари сӯхтор ва таркиш дар як пойгоҳи низомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, воқеъ дар канори шаҳри Хуррамобод, маркази вилояти Луристон, 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории Форс бо такя ба мақомоти низомии кишвар иттилоъ дод, ки дар ин ҳодиса 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Гуфта мешавад, ки сӯхтор ба анбори силоҳи пойгоҳи низомӣ гузашт ва боиси инфиҷор шуд.
XS
SM
MD
LG