Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор ангишткан аз зери замин берун карда шуданд


Чаҳор тан аз гурӯҳи 33 нафараи ангиштканҳои Чилӣ аз зери замин берун карда шуданд. Онҳо тавассути қафаси махсус жарфои беш аз 600 метрро тарк мекунанд. Ба гуфтаи мутахассисон, амалиёти наҷот шояд чанд рӯз идома кунад.
Себастян Пиниера, раисиҷумҳури Чилӣ ба ҷойи ҳодиса омад то ки аз ангиштканҳои раҳошуда шахсан истиқбол намояд.
Ангиштканҳо баъд аз садама дар кон, ки рӯзи 5 август рӯх дод, дар ҷойи амнтар панаҳ бурданд ва баъд аз 17 рӯзи ин ҳодиса аз зинда мондани худ паём доданд. Бори аввал дар таърих ангиштканҳо тайи муддати тулонӣ ва дар вазъи тоқатфарсо зери замин монданд. Қаблан ҳадс зада мешуд, ки амалиёти наҷоти ангиштканҳо шояд то охири сол идома ёбад.
XS
SM
MD
LG