Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти берун овардани конканҳои Чилӣ шурӯъ шуд


Дар Чилӣ амалиёти берун кашидани конканҳои бандмонда дар нақби зеризаминӣ шурӯъ шуд. Як маъмури наҷотро бо қафаси махсус ба нақб фиристоданд, то дар берун кашидани сиву се конкан, ки ду моҳ боз дар умқи бештар аз 600 метр ҳастанд, кӯмак кунад. Себастиян Пинера, раиси ҷумҳури Чилӣ ба ӯ барор орзу кард ва аз хост, то конканҳоро сиҳату саломат берун орад. Барои берун кардани онҳо дасти кам ду рӯз лозим будааст.
XS
SM
MD
LG