Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Балкан хотима меёбад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, сафари дурӯзааш ба Балканро имрӯз баъди боздид аз Косово хотима медиҳад. Қарор аст, хонум Клинтон бо Ёқуб Красникӣ, раиси ҷумҳури муваққат ва дигар раҳбарони баландпояи Косово мулоқот кунад. Рӯзи сешанбе ӯ дар шаҳри Белград аз Борис Тадич, раиси ҷумҳури Сербистон хост, муколама бо Косоворо оғоз кунад. Пештар аз ин Ҳилларӣ Клинтон дар Босния гуфт, аз раҳбарони шӯрои раёсати ҷумҳурии ин кишвари сермиллат хостааст, барои таҳкими суботи бештар кӯшиш кунанд.
XS
SM
MD
LG