Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти берун кашидани конканҳои Чилӣ оғоз мешавад


Дар Чилӣ то чанд соати дигар берун кашидани конканҳои бандмонда дар зери замин шурӯъ мешавад. Сиву се конкан, ки ду моҳ боз дар умқи бештар аз 600 метр мунтазири наҷотбахшони худ ҳастанд, тавассути қафаси махсуси танге як ба як берун кашида мешаванд. Барои берун кардани онҳо дасти кам ду рӯз лозим будааст. Муҳандисон мегӯянд, марҳилаи ниҳоии амалиёти наҷот аз хатар орӣ нест, вале озмоиши қафас то кунун муввафақиятомез будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG