Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз Балкан хотима меёбад


Ҳилларӣ Клинтон вазири умури хориҷаи Амрико дирӯз аз Босния ва Сербистон хост, барои рафъи масоили тафриқаангез дар минтақаи Балкан кӯшиш кунанд. Дар мулоқот бо раҳбарони Босния ва Ҳерсеговина дар шаҳри Сараево, ӯ аз тамоми қавмҳои ин кишвар хост, барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ислоҳоти лозимро анҷом диҳанд. Зимни мулоқоташ дар Белград бо Борис Тадич раиси ҷумҳури Сербистон хонум Клинтон, раҳбарони ин кишварро барои омодагӣ ба музокирот ҷиҳати рафъи масоили Косово, ки худро соли 2008 мустақил эълом кард, ситоиш намуд:"Муколамаи байни ду тараф ва расидагии амалӣ ба масоили рӯзмарра ба нафъи мардуми Косово ва Сербистон ва ҳам ҳамкориҳои дарозмуддат миёни шумо хоҳад буд. Ин муколама ҳамчунин ба ҳамкории Сербистон бо ҳамсояҳояш, Аврупо ва Амрико таъсири мусбат хоҳад дошт." Аммо Борис Тадич гуфт, Сербистон ҳеҷ гоҳ Косоворо ба ҳайси кишвари мустақил эътироф нахоҳад кард. Сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Балкан баъди боздиди имрӯзааш аз Косово хотима меёбад.
XS
SM
MD
LG