Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовири нави ҳуқуқии ҳукумати Русияро таъин шуд


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ҳуқуқдон Михаил Федотовро, мушовири аршади ҳуқуқии ҳукумат таъйин кардааст. Михаил Федотов ба хабаргузории «Интерфакс” гуфтааст, ба масъалаи аз байн бурдани эҳсосоти мусбати ҷомеа нисбат ба Иосиф Сталин таваҷҷӯҳ хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин ислоҳот дар мақомоти ҳифзи тартибот ва низоми додгоҳӣ ва ҳуқуқи кӯдакону хонаводаро аз авлавиятҳои кори худ хондааст. Михаил Федотов, ҷойгузини Элла Памфилова шуд, ки ӯ моҳи июн бо интиқоди сиёсатҳои дохилии ҳукумати Русия аз мақомаш истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG