Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти тозаи Покистон алайҳи тундравони ҷангҷӯ


Нерӯҳои амниятии Покистон амалиёти тозаеро алайҳи тундравон дар манотиқи қабоилнишин шурӯъ кардаанд. Бино ба гузориши Радиои Машъал, амалиёт дар минтақаи Катланг, дар вилояти Хайбар Пахтунхва идома дорад ва дар ҷараёни он чаҳор тундрав кушта шудаанд. Артиши Покистон мегӯяд, тундравоне, ки аз дараи Свот фирор кардаанд, дар рустоҳо ва манотиқи кӯҳистонии Катланг паноҳ бурдаанд. Соли 2009 нерӯҳои амниятии Покистон дар наздикии ин минтақа дар Малоканд, алайҳи ҷангҷӯёни Толиб амалиёти густурдаи низомиеро анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG