Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин муҳокимаи бандии Гуантанамо дар додгоҳи шаҳрвандӣ


Нахустин муҳокимаи як зиндонии Гуантанамо дар додгоҳи шаҳрвандӣ рӯзи сешанбе дар шаҳри Ню Йорк шурӯъ шуд. Додситони федеролӣ Николас Левин ба раиси додгоҳ гуфт Аҳмад Халфон Ғайлонӣ узви Ал-қоида буда ва мехостааст, амрикоиҳоро бикушад. Аммо Стив Зиссоу, вакили дифоъи Ғайлонӣ мегӯяд, муваккили ӯ нодониста фармоиши дӯстони тоҷирашро иҷро кардааст, ки ба Ал-қоида иртибот доштаанд. Аҳмад Ғайлониро ба бомбгузориҳои соли 1998 дар ду сафорати Амрико дар Африқо муттаҳам медонанд, ки 224 кушта бар ҷой гузошт. Ӯ худро бегуноҳ медонад.
XS
SM
MD
LG