Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи гурӯҳе аз зиндониёни сиёсӣ дар Эрон


Чаҳордаҳ зиндонии сиёсӣ дар Эрон бо нашри як баёния хостори таъсиси ниҳоди мустақиле шудаанд, ки нооромиҳои хушунатбори пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли гузаштаро таҳқиқ кунад. Ба гузориши бахши форсии Радиои Озодӣ, ин зиндониён гуфтаанд, интизор доранд, то ниҳоди ҳақиқатёб бо таҳқиқи ҳодисаҳои баъди интихоботи моҳи июни соли гузашта помолкунандагони қонун дар дохили низоми адлия ва нақши маъмурони иттилоъотӣ дар рӯйдодҳои баъди интихобот ва ҳам дар интихоботро ошкор кунад. Баъди пирӯз шудани Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи моҳи июн, ки ба гуфтаи мухолифин аз роҳи тақаллуб ба ӯ муяссар шудааст, садҳо ҳазор нафар ба хиёбонҳои Теҳрон рехтанд. Ҳукумати Эрон ин тазоҳуротро бераҳмона саркӯб кард ва даҳҳо нафар аз фаъолони сиёсиро низ ба зиндон андохт.
XS
SM
MD
LG