Пайвандҳои дастрасӣ

Украина ва Лаҳистон рӯзи сиёҳеро пушти сар карданд


Украина ва Лаҳистон рӯзи сиёҳеро пушти сар карданд. Дар ду садамаи нақлиётӣ дар ин ду кишвар дасти кам 60 нафар кушта шуданд. Дар Украина дар минтақаи Днепропетровск автобуси мусофирбар бо қатор бархӯрд, ки бар асари он 42 нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ронанда 30 сол собиқаи корӣ доштааст. Дар Лаҳистон як мусофирбари хурд ба мошини боркаше бархӯрд, ки дар натиҷа 18 кишоварз ҷон доданд. Ин ҳодиса дар 80 километрии ҷануби шаҳри Варшава ба вуқӯъ пайвастааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG