Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон бори дигар масъалаи вагонҳоро дар САҲА матраҳ кард


Имрӯз Нуриддин Шамсов-намояндаи Тоҷикистон дар САҲА ва сафири Тоҷикистон дар Австрия дар иҷлосияи Шӯрои доимии ин созмон дар Вена суханронӣ ва масъалаи банд мондани вагонҳои бору колоҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистонро матраҳ кард. Вай гуфт, ҳоло дар қаламрави кишвари ҳамсоя 884 вагони ҳомили борҳои гуногун нигоҳ дошта мешавад. Дар ин вагонҳо маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, гази моеъ, доруворӣ ва таҷҳизот мавҷуд аст, ки дар сурати мамонеат ба интиқоли онҳо ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасад. Ба гуфтаи сафир, ҳамлу нақли коло тавассути роҳи оҳани Узбакистон дар соли 2010 нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон иддаои Ӯзбкистонро дар бораи "сабабҳои техникӣ"-и чунин мамонеат бепояву беасос медонад. Дар суханронии сафир омадааст, дар давоми 10 моҳи гузашта ҷониби Узбакистон бидуни сабаб ҳамвора қарордодҳои минтақаӣ, кишварҳои муштаракулманофеъ ва қарордоди дуҷонибаи Тоҷикистону Узқбакистонро дар бораи роҳи оҳан риоят накардааст. Сафир афзудааст, идомаи мамонеати ҳамлу нақли коло ба таври ҷиддӣ ба суботи вазъ ва ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон асар хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG