Пайвандҳои дастрасӣ

Русия се созмондиҳандаи бамгузориро боздошт кардааст


Ожонси амниятии Русия гуфтааст, се тундрави исломиро, ки барои созмондиҳии бамгузории маргбори интиҳорӣ дар шаҳри Владикавказ гумонбар дониста мешаванд, боздошт кардааст. Александр Бортников-раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфт, ин се созмондиҳандаи эҳтимолӣ дар охири моҳи сентябр дар Ингушистон боздошт шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ду нафари дигар аз гумонбаронро нируҳои амниятӣ ба қатл расондаанд. Як гурӯҳи тундрави чечен масъулияти бамгузориро бар ӯҳда гирифта буд. Дар ин бамгузорӣ, ки дар аввали моҳи сентябр рух дод, 19 нафар кушта, беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG