Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Меркел аз Эрон барои раҳоии хориҷиён


Ангела Меркел-нахуствазири Олмон хостааст, ду шаҳрванди хориҷӣ, ки худро дар Эрон рӯзноманигор вонамуд кардаанд, аз зиндон раҳо шаванд. Вай гуфт:

"Возеҳ аст, ки мо алоқаманди раҳоии ду шаҳрванд ҳастем. Вазорати корҳои хориҷаи Олмон ҳар кореро, ки метвонад анҷом медиҳад. Муттаассифона, мо ҳоло хабари нав дар даст надорем".

Эрон ин ду нафарро бар он муттаҳам медонад, ки онҳо худро рӯзноманигор вонамуд кардаанд ва парвандаи занеро баррасӣ кардаанд, ки дар Эрон барои зино ба ҳукми сангсор маҳкум шудааст. Онҳо замоне боздошт шудаанд, ки бо писари ин зан, яъне бо писари Сокина Оштиёнӣ мусоҳиба мекардаанд. Парвандаи Оштиёнӣ вокунишҳои байналмиллалӣ ба бор овардааст. Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон гуфтааст, ин ду нафар бо раводиди ҷаҳонгардӣ вориди хоки Эрон шудаанд, вале бо шабакаҳои зидди инқилобӣ дар хориҷ иртибот доштаанд.
XS
SM
MD
LG