Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел аз Эрон раҳоии хориҷиёнро дархост кард


Ангела Меркел-нахуствазири Олмон хостааст, ду шаҳрванди хориҷӣ, ки худро дар Эрон рӯзноманигор вонамуд кардаанд, аз зиндон раҳо шаванд. Эрон ин ду нафарро бар он муттаҳам медонад, ки онҳо худро рӯзноманигор вонамуд кардаанд ва парвандаи занеро баррасӣ кардаанд, ки дар Эрон барои зино ба ҳукми сангсор маҳкум шудааст. Онҳо замоне боздошт шудаанд, ки бо писари ин зан, яъне бо писари Сокина Оштиёнӣ мусоҳиба мекардаанд. Парвандаи Оштиёнӣ вокунишҳои байналмиллалӣ ба бор овардааст. Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон гуфтааст, ин ду нафар бо раводиди ҷаҳонгардӣ вориди хоки Эрон шудаанд, вале бо шабакаҳои зидди инқилобӣ дар хориҷ иртибот доштаанд.
XS
SM
MD
LG