Пайвандҳои дастрасӣ

Қочоқбарони афғон 2 сокини Хатлонро раҳо карданд


Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки якеаш сокини Кӯлоб ва дигарӣ сокини ноҳияи Шӯрообод аст, аз гаравгонии қочоқчиёни афғон озод ва ба ватан бозгаштаанд. Дар ин бора Амирхон Икромов-раиси ноҳияи Шӯрообод ба хабаргуззории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст. Вай гуфтааст, дар рӯзҳои истироҳати гузашта чанд шаҳрванди Афғонистон ғайриқонунӣ аз марз гузаштаанд ва 2 шаҳрванди вилояти Хатлонро бо худ гаравгон бурдаанд. Баъд аз музокира бо гаравгонгирон ин ду нафар озод шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ба эҳтимоли зиёд ин ду нафар аз қочоқбарони афғон қарздор будаанд.
XS
SM
MD
LG