Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина ба қурбониёни ҳодиса ҷубронпулӣ медиҳанд


Мақомоти расмии Украина мегӯянд, ҳангоми бархӯрди қатори роҳи оҳан бо як автобус дар шарқи Украина, дастикам, 42нафар кушта, чандин нафари дигар ҷароҳати ҷиддӣ бардоштаанд. Ин ҳодиса субҳи имрӯз дар берун аз шаҳркаи Марҳанетси Днепропетровск рух додааст. Константин Ефименко-вазири нақлиёти Украина дар ҷаласаи ҳукумат ин ҳодисаро чунин шарҳ дод:

"Автобус истода будааст. Лекин ронанда ба курсии худ нишаста, ба сӯи локомотив ҳаракат кардааст. Мусофирони наҷотёфта ба сӯи ронанда дод задаанд, ки ишораи хатар шудааст ва вай набояд ҳаракат кунад".


Микола Азаров-нахуствазири Украина ба ҳукумати худ дастур додааст, ки ба ҳар хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса 12 600 доллар ҷубронпулӣ дода шавад. Ҳамаи қурбониён савори втобус ва сокинони атрофи шаҳр будаанд.
XS
SM
MD
LG