Пайвандҳои дастрасӣ

Дар инфиҷори дохили чархбол 1 нафар кушта шудааст


Нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ ё АЙСАФ дар Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи инфиҷоре дар дохили як чархболи низомӣ дар шарқи ин кишвар як нафар кушта, 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Пештар ин манбаъ хабар дода буд, ки 2 нафар кушта ва 10 нафар захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса баъд аз нишасти чархбол ба замин рух додааст. Нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ ё АЙСАФ мегӯянд, сабаби ин ҳодиса маълум нашудааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин чархбол 26 нафар нишаста будаанд. Расидагӣ ба ҳодиса идома дорад.
XS
SM
MD
LG