Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс аз ташдиди вазъ дар обҳои минтақавӣ ҳушдор дод


Имрӯз Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико ҳушдор дод, ки мубоҳисоти ҳудудӣ ва даъвоҳои обӣ дар баҳрҳо хатарро ба суботи минтақаи Осиёву Ором бештар кардааст. Вай ин нуктаро дар мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви АСЕАН изҳор дошт. Дар ин мулоқот ҳамкорони минтақаӣ Амрикову Чин, Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ ва Русия ширкат доштанд. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки мубоҳисоти Чину Ҷопон, яъне муттаҳиди Амрико баъд аз бархӯрди киштии хурд дар Баҳри Шарқии Чин тундтар шудааст. Ҷопон муваққатан фармондеҳи киштии Чинро боздошт карда буд.
XS
SM
MD
LG