Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 кушта дар инфиҷори дохили чархбол дар Афғонистон


Инфиҷор дар дохили чархболи нируҳои НАТО дар Афғонистон 2 кушта ва 10 захмӣ бар ҷой гузошт. Ин ҳодиса баъд аз нишасти чархбол ба замин рух додааст. Нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ ё АЙСАФ мегӯянд, сабаби ин ҳодиса билофосила маълум нашудааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин чархбол 26 нафар нишаста будаанд, вале гуфта намешавад, ки онҳо низомӣ будаанд ё ғайринизомӣ. Маҳали ин ҳодиса низ рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG