Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе афви ҷангҷӯён дар Камаробро истисно намекунад


Шерхон Салимзода-додситони кулли Тоҷикистон

Шерхон Салимзода-додситони кулли Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар ноҳияи Раштро, ки довталабона силоҳ ба замин гузошта ба ҳаёти мулкӣ бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кунад.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора дастур додааст.

Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, ки алайҳи роҳбарони ин гурӯҳҳо, аз ҷумла Мирзохӯҷа Аҳмадов, парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст ва айни замон амалиёти дастаҳои вижаи ниҳодҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар минтақаи Рашт идома дорад.



Вазъият зери назорат қарор дорад

Оқои Салимзода афзуд, ки вазъият дар ин қисмат ва бақия қисматҳои кишвар комилан зери назорати давлат қарор дорад.

Вай гуфт, аммо танҳо ононе аз ин гурӯҳҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳанд шуд, ки ба таври ихтиёрӣ ва довталабона силоҳ ба замин бигзоранд ва зиндагии оддиро пеша кунанд.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, ҳоло чанд мавриди довталабона ба мақомот таслим шудани афроди гурӯҳҳои мусаллаҳ вуҷуд дорад, вале алҳол намехоҳанд ҳуввияти ин афродро ошкор кунанд.

Додситони кулл дар бораи шумори аъзои ин дастаҳо рақами дақиқеро зикр накард, вале гуфт, ки онҳо хеле хурду резаанд.

Изҳороти додситони кулл дар ҳолест, ки масъулони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар миёнаи моҳи сентябр дар як мулоқот аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар минтақаи Рашт талаб карда буданд, ки силоҳҳои худро биспоранд. Бо ишора ба ин мулоқот ҷаноби Салимзода гуфт, ки гурӯҳҳои, ба гуфтаи ӯ, «ифротӣ» ин пешниҳодро напазируфта даст ба ҷиноёти сангин заданд ва давлат ночор шуд, алайҳи онҳо аз нерӯ истифода кунад.

Боздошти як рӯҳонӣ дар Нуробод

Шерхон Салимзода ҳамзамон аз боздошт шудани Зайналобуддин Маннонов, мулаққаб ба Эшони Зайналобуддин, аз рӯҳониёни маъруфи ноҳияи бо Рашт ҳамҷавори Нуробод хабар дод ва гуфт, ин рӯҳонӣ дар Покистон таълим гирифта, дар манзили худ ба ҷавонон тарзи пешбурди фаъолиятҳои чирикиро дарс медодааст.

Додситони кулл гуфт, Эшони Зайналобуддин ҳамроҳ бо 4 фарзандаш боздошт шуда, тафтишот ҳамдастии ӯ бо гурӯҳҳои фаъол дар ноҳияи Раштро собит кардааст.

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар маҷмӯъ дар иртибот ба иттифоқоти рухдода дар ин минтақа 14 нафар боздошт шуда ва таъқибу боздошти бақия аъзои гурӯҳҳои фаъол дар водии Рашт идома дорад.

Коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, ки дар ҳар сурат пешниҳоди роҳи созиш дар шароити мавҷуд ба манфиати на танҳо ҳукумат аст. Вале масъала ин аст, ки аъзои гурӯҳҳои мазкур ба ин ҳарфҳо итминон хоҳанд кард, ё хайр?

Дасти "бозигарони манфиатхоҳи бузург"

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгар аз маркази таҳлилии «Диалог», мегӯяд, мақомот ин нуктаро фаҳмидаанд, ки дар паси ин гурӯҳҳо бозигарон ва доираҳои манфиатхоҳи бузурге амал мекунанд. Аз ин рӯ ҳоло чунин пешниҳоди гузашт дар ивази супурдани силоҳи онҳо садо дод.



Аз сӯи дигар бархе аз коршиносон бо ишора ба суқути чархболи низомӣ, ҳамла ба корвони вазорати дифоъ ва кушта шудани даҳҳо афсару сарбоз дар ҷараёни даргириҳо дар Рашт мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ натавонистаанд то кунун ба пешравӣ даст ёбанд. Балки амалиёти мазкур заъф дар кори онҳоро бозгӯ кардааст.

Афзун бар ин бо гузашти беш аз се ҳафта мақомот танҳо аз нобуд кардани 15 тан аз аъзои ин гурӯҳҳо хабар додаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Ситоди марказии нерӯҳои қудратӣ дар ин минтақа ҳам вазири дифоъ ва ҳам дабири Шӯрои амният ҳузур доранд.

Рашид Ғанӣ, коршиноси тоҷик, мегӯяд, шояд кундӣ ва карахтии фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ дар ин амалиёт боис шудааст, ки раисиҷумҳур дастури аз ҷавобгарӣ озод кардани аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифро дода бошад.



Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, имкони таҳия ва баррасии санади ҳуқуқие барои афви аъзои ин гурӯҳҳо дар Маҷлиси Намояндагонро баъид намедонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қарор аст, рӯзи 13 октябр Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, ки аз минтақаи Рашт вакил интихоб шудааст, барои анҷоми як сафари корӣ ба ин минтақа сафар кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG