Пайвандҳои дастрасӣ

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъйин шуд. Ба дунболи даргузашти Амонулло Неъматзода, раиси пешини ин Шӯро дар таърихи 6-уми сентябр, ин муассисаи динӣ ба таври муваққат тавассути ҷонишини ӯ Маъруфулло Раҳимов роҳбарӣ мешуд.

Ҳамзамон 3 ҷонишин ва 3 мушовири раиси шӯрои уламои маркази ислом низ баргузида шудаанд.

Раиси нави шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода хатмкардаи Донишгоҳи байналмиллалии Исломободи Покистон буда, аз ин пеш дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Таҳлилгарон ва ҳамчунин масъулини ниҳодҳои динии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки таҷрибаи зиёди кории раиси нав фаъолияти Шӯрои уламоро тақвият хоҳад бахшид.

Маҳмуд Латифӣ, устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, мегӯяд, «фарде ки дар раъси Шӯрои уламо қарор мегирад, пеш аз ҳама бояд таасуби динӣ надошта бошад. Қорӣ Саидмукаррам дар кишваре таҳсил кардааст, ки дар он ҷо намояндагони аксари динҳо - мусалмонҳо, масеҳиён, бутпарастон ва намояндагони динҳои дигар зиндагию фаъолият доранд. Ва Саидмукаррам аз ин вазъ огоҳ аст. Бо шохаҳои мухталифи мазҳабҳо низ ошно ҳаст. Ва умедвор ҳастем бо он таҷрибае, ки дорад, барои пешрафти ин соҳа талош хоҳад кард».



67 соли пурихтилофи Маркази исломӣ

Маркази исломии Тоҷикистон вориси намояндагии Идораи динии мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон, маъруф ба САДУМ аст, ки ҳанӯз соли 1943 бо фармони раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталин ташкил шудааст. Мардуми оддӣ то ба имрӯз ин идораро «қозиёт» ва раҳбарашро «қозӣ» унвон мекунанд.

То соли 1994 раҳбарони ин ниҳод аз сӯи САДУМ дар Тошканд таъин мешуданд. Аввалин раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон Абдулмаҷиди Қорӣ, аз ӯзбакҳои Фарғона будааст. Баъд аз ӯ Эшони Абдусаттор ва Эшони Абдурашид, аз фарғонагиҳои Тоҷикистон ва аз соли 1965 то соли 1988 Абдуллоҳ Калонзода, аз аҳли Хуҷанд ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ раҳбари ин ниҳод буданд.

Соли 1988 раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода таъин шуд ва ин намояндагӣ соли 1989 ба Қозиёти мусалмонони Тоҷикистон табдили ном кард.

Қозиёти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода

Аммо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, барои сабти номи ин идора дар оғоз ҳеҷ як аз мақоми ҳукуматӣ масъулиятро ба зимма нагирифт: «Намояндагии Идораи дини назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон, вазорати адлия ва дигар ниҳодҳо ба зимма нагирифтанд. Воқеан ҳам ҳатто масҷидҳоро бояд дар Маскав ба қайд мегирифтанд. Хушбахтона, Иззатулло Ҳаёев, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, гуфтанд, ки худамон бо қарори ҳукумат Низомномаи қозиётро ба қайд мегирем. Тибқи ин низомнома, раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон расман Қозии мусалмонони Тоҷикистон унвон шуд».

Оқои Тӯраҷонзода афзуд, Қозиёти мусалмонон аз Тошканд истиқлолияти моливу хоҷагидориашро ба даст овард, аммо ба хотири ваҳдати мусалмонони минтақа тобеияти расмиашро ба САДУМ нигаҳ дошт. Вай афзуд, маҳз дар ин даврон қозиёт идораи молиявии масҷидҳо дар Тоҷикистон, фиристодани донишҷӯён ба хориҷ, нашри адабиёт ва ташкили маросими ҳаҷро ба ихтиёр гирифт. Оқои Тӯраҷонзода афзуд, таъйини Қозии мусалмонон низ аз салоҳиятҳои Тошканд гирифта шуд ва акнун имомхатибони 17 масҷиди расмӣ дар Тоҷикистон ӯро интихоб мекарданд.

Аз Қозиёт то Маркази исломӣ

Соли 1993 идораи қозиёт аз Тошканд ҷудо шуда, ба муфтиёт табдил ёфт, ки раҳбараш Ҳоҷӣ Фатҳуллохони Шарифзода соли 1996 ба таври мармуз кушта шуд. Ба дунболи ӯ Амонуллоҳ Неъматзода ба раҳбарии ин ниҳод омад ва то вафоташ дар моҳи сентябри соли 2010 раҳбарии ин идораро бар ӯҳда дошт. Аммо дар соли 1997 муфтиёт ба маркази исломии Тоҷикистон табдили ном кард ва дар назди ин марказ як Шӯрои уламои иборат аз 20 нафар таъсис ёфт.

Коршиносон мегӯянд, дар ин муддат Маркази исломӣ он салоҳиятҳоеро, ки дар ибтидои солҳои 90 дошт, аз даст дод ва ба монанди даврони шӯравӣ ба як ниҳоди дастнигари ҳукумат табдил ёфт.

Аммо Абдулло Ҳабибов, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, дар ибтидои солҳои 90 қонунгузории Тоҷикистон шакл нагирифта буд ва қозиёти давр салоҳиятҳои беҳудудро соҳиб шуда буд: «Вақте ки қонунҳо қабул шуданд, фаъолияти қозиёт ҳам ба танзим даромад, барои ҳамин қонуншиканӣ дигар накард. Ин тавр агар гӯем, дурусттар аст. Дин аз давлат ҷудо аст. Марҳум раҳбари собиқ ҳам баромадҳо мекард, фикри худашро мегуфт, аммо ҳар коре мекард, дар доираи қонун мекард».

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, бо аз ин ба баъд масъулияти Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо боз ҳам меафзояд, зеро акнун барои ҳукумати Тоҷикистон як силсила чолишҳои нави идеологӣ пеш омадаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG