Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвориҳо аз маъмурияти ҷангии НАТО дар Афғонистон


Ҷеймс Ҷонс, мушовири собиқи амнияти миллии Амрико мегӯяд, фикр намекунад, ки маъмурияти НАТО дар Афғонистон ноком шавад, зеро ин паймон сарбозони зиёди худро ба онҷо фиристода ва манобеъи зиёдро дар ихтиёри афғонҳо қарор додааст.

Муҳимтар аз ҳама инаст, ки сафҳаи ахири маъмурияти НАТО дар Афғонистон то ба ҳол варақ зада нашудааст.

Мушовири собиқи амнияти миллии Амрико афзудааст, бояд мунтазир бошем ва бубинем, ки давраи интиқоли масъулиятҳо барои худи афғонҳо чигуна сипарӣ мешавад.

"Сарбозони амрикоӣ барои ҳамеша дар Афғонистон нахоҳанд монд"

Қарор аст, кишварҳои узви НАТО дар бораи нигарониҳояшон аз маъмурияти Афғонистон дар иҷлосе, ки қарор аст ба зудӣ дар Лиссабон баргузор шавад, баҳс кунанд.

Мушовири собиқи амнияти миллии Амрико ба маҷаллаи олмонии "Spiegel Onine" гуфт: «Сарбозони амрикоӣ барои ҳамеша дар Афғонистон нахоҳанд монд ва Амрико дар назар дорад масъулиятҳои амниятии Афғонистонро ба худи афғонҳо вогузор кунад»

Аммо Ҷонс таъкид кард, ки Амрико барои пешбурди барномаҳои инкишофӣ, беҳтар шудани иқтисод ва ҳукуматдории Афғонистон, дар ин кишвар боқӣ хоҳад монд.

Оқои Ҷеймс Ҷонс мегӯяд, ҳузури Амрико ва НАТО дар Афғонистон феълан барои кишварҳои минтақа низ судманд аст.

Ба бовари вай, Чин аз он нигарон аст, ки нооромиии Афғонистон сабаб хоҳад шуд, ки аз ин кишвар ба Чин маводи мухаддир қочоқ шавад ва мақомоти чинӣ аз ин бобат нигаронанд. Вай ҳамчунон гуфт: «Афғонистони босубот ба суди Эрон ҳам ҳаст»

Мушовири собиқи амнияти миллии Амрико дар ҳамин ҳол афзуд: «Мо ба афғонҳо ваъда супурдаем, ки дар паҳлӯи зиндагии ором, фурсатҳои хубро низ барояшон мусоид созем».

Ӯ аммо ибрози нигаронӣ кард, ки то даҳ соли оянда Афғонистон битавонад ба пои худ биистад ва масъулиятҳои худро худ ба ӯҳда бигирад.

Душман кист?

Хабарнигори "Spiegel Online" дар мусоҳибааш бо Ҷемс Ҷонес пурсидааст: «Дар кӯҳҳои Ҳиндукуш чӣ касе душман аст?»

Ҷеймс Ҷонс дар посух гуфт : «Душман тундравонеанд, ки на танҳо Амрико, балки Аврупоро ҳам ҳадафи ҳамалоти худ қарор медиҳанд, хушунатро доман мезананд ва зиндагии моро ба хатар мувоҷеҳ мекунанд»

Мушовири собиқи амнияти миллии Амрико ҳамчунин гуфтааст, Покистон дар бархе маворид аз мубориза бар зидди терроризм ҳимоят мекунад, аммо ҳанӯз ҳам ниёз аст, то Исломобод дар ин росто гомҳоеро бардорад. Вай афзуд: «Агар Покистон мехоҳад ҳамкор ва ҳампаймони ҷомеъаи ҷаҳонӣ бошад, бояд собит бисозад, ки дар мубориза бо терроризм ҷиддӣ аст.»

Мушовири пешини амнияти миллии Амрико дар посух ба ин суол, ки агар ҷанг бар зидди терроризм дар Афғонистон ноком шавад, Покистон ҳадафи ҳамлаи Вашингтон қарор нахоҳад гирифт, гуфт : «Дар ин маврид бо назари хушбинона бояд бигӯем, ки Покистон ба ҳамкории ҳампаймонҳои байналмиллалӣ заминаро барои ин иқдом мусоъид нахоҳад сохт.»

Аммо ҷеймс дар идомаи сӯҳбаташ гуфтааст: «Мо бояд ин ҳақиқатро дарк кунем, ки агар бо эҳтиёт амал накунем, мумкин таҳаввулоте рух диҳад, ки ба хотири он равобити Исломобод ва Вошингтон осеб бубинад.»
XS
SM
MD
LG