Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаластиниён пешниҳоди Исроилро рад карданд


Фаластиниён пешниҳоди нахуствазири Исроилро рад карданд, ки хост, то дар ивази мутаввақиф кардани бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Канораи Ғарб, фаластиниён Исроилро ба расмият бишиносанд. Бенямин Нетаняҳу, таҳти фишори ҷомеаи байналмилал қарор гирифтааст, то ба хотири эҳёи музокироти сулҳ бо фаластиниён шаҳраксозиҳоро боздорад. Фаластиниён гуфтанд, масъалаи эътирофи Исроил ба бӯҳрон дар музокироти сулҳ ҳеҷ иртиботе надорад. Музокироти мустақими Исроилу Фаластиниён моҳи сентябр бо миёнҷигарии Амрико дар Вашингтон аз сар гирифта шуд. Аммо бо хотимаи мораториуми шаҳраксозиҳо аз тарафи Исроил, фаластиниён таҳдид карданд, ки аз музокирот даст хоҳанд кашид. Фаластиниён Канораи Ғарбро бахше аз қаламрави кишвари ояндаи худ медонанд.
XS
SM
MD
LG