Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳилларӣ Клинтон вориди Сараево мешавад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико сафари серӯзааш ба кишварҳои Балканро имрӯз аз Сараево, пойтахти Босния ва Ҳерсеговина оғоз мекунад. Ӯ бо се узви шӯрои раёсати ҷумҳурии ин кишвар мулоқот хоҳад кард, ки чанде пеш интихоб шуданд. Филип Гордон, муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури кишварои Аврупо ва Авруосиё, гуфт, хонум Клинтон, раҳбарони Босния ва Ҳерсеговинаро барои идомаи ислоҳот ҷиҳати пайвастан ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ташвиқ хоҳад кард. Бо вуҷуди сипарӣ шудани 15 сол аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Босния, ҷомеаҳои мусулмон, хорват ва серб аз ҳам ҷудоянд. Баъзеашон хостори тақсими кишвар ба бахшҳо вале қисми дигар хоҳони кишвари воҳиданд. Ҳилларӣ Клинтон баъди боздид аз Сараево барои гуфтӯгу бо раҳбарони Сербистон доир ба Косово ба Белград меравад.
XS
SM
MD
LG