Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин муолиҷаи озмоишии инсон бо ҳуҷайра


Табибони амрико нахустин муолиҷаи озмоишӣ бо истифода аз ҳуҷайраҳои ҷанини инсониро шурӯъ кардаанд. Муолиҷаи озмоишӣ дар як шифохонаи Атланта бо онҳое сурат мегирад, ки ҳароммағзашон дар зарфи 14 рӯзи гузашта осеб дидааст. Ҳуҷайраҳои ҷанини инсонӣ қодир ба ҳосил кардани ҳар навъ ҳуҷайраҳои дигар аз ҷумла ҳуҷайраҳои тори асаб ҳастанд ва табибон умедворанд, ки аз ин роҳ қудрати ҳаракати афроди барҷомондаро эҳё мекунанд. Ҳуҷайраҳоро аз ҷанини чандрӯзаи инсон мегиранд. Солҳои зарур аст, то табибон коромад ва амн будани ин усули муолиҷаро маълум кунанд.
XS
SM
MD
LG