Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон содироти маҳсулоти ғизоиро мамнӯъ мекунад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти расмӣ хостааст, то содироти гӯшту пашм, картошка ва ҳамчунин фулуззотро мамнӯъ кунанд. Ба иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳурӣ, дар машварати аъзои ҳукумат дар рӯзи душанбе Эмомалӣ Раҳмон хост, то барои таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва ба низом даровардани нархҳо пеши роҳи содироти чорво, гўшт, картошка, пашм ва метал пурра ва қатъан гирифта шавад. Ба ғайр аз содироти алюминиум Тоҷикистон, аз он анвоъи маҳсулот бисёр кам содир мекунад.
XS
SM
MD
LG