Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми Маҷористон алайҳи ширкати алюминиум


Пулиси Маҷористон, мудири ширкати молики корхонаи маъдангудозиро боздошт кардааст, ки ихроҷи маводи заҳрогини он чанд шаҳрро олуд кард. Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон, гуфт, ҳукумат бояд умури идораи Ширкати маҷористонии тавлид ва фурӯши алюминиумро ба даст гирифт ва ҳисобҳои бонкии онро масдуд кунад. Бар асари рехтани моеъи сурхранги кимиёвии лозим барои тавлиди алюминиум аз ин ҳавзи корхона рӯзи душанбеи гузашта ҳафт нафар кушта ва як нафар бенишон шуд.
XS
SM
MD
LG