Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи фаъоли сиёсии қазоқ бозбинӣ мешавад


Қарор аст, Додгоҳи олии Қазоқистон шикояти Айдос Содиқов як фаъоли мухолифинро баррасӣ кунад, ки бо гуноҳи авбошӣ ба зиндон маҳкум шудааст. Татяна Лазарева, вакили дифоъи Айдос Содиқов, гуфт, додгоҳи олӣ барои бозбинии парвандаи муваккилаш ризоият додааст. Айдос Содиқов, узви собиқи Ҳизби озоди сотсиал демократии Қазоқистонро, моҳи август, ба авбошӣ ва муқовимат ба корманди пулис гунаҳкор дониста ва ба ду соли зиндон маҳкум карданд. Айдос Содиқов худро бегуноҳ хонда мегӯяд, мақомоти расмӣ моҷарои ӯ бо пулисро саҳнасозӣ кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG