Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози сафари Ҳилларӣ Клинтон ба кишварҳои Балкан


Боздиди Ҳилларӣ Клинтон вазири умури хориҷаи Амрико, имрӯз аз се кишвари минтақаи Балкан шурӯъ мешавад. Хонум Клинтон боздиди серӯзаашро Сараево, пойтахти Босния ва Ҳерсеговина оғоз карда ва бо раҳбарони он доир ба авзоъи баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ дар ин кишвари сермиллат гуфтӯгу мекунад. Сипас Ҳилларӣ Клинтон ба Белград, пойтахти Сербистон меравад, то бо раҳбарони ин кишвар, масъалаи Косово ва амнияти минтақавиро баррасӣ кунад. Сербистон ҳанӯз ҳам Косоворо бахше аз қаламрави худ медонад, агарчӣ Амрико ва бисёре аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо онро ба расмият шинохтаанд. Хонум Клинтон аз ин минтақаи албанишин ҳам дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG