Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду шаҳрванди хориҷӣ дар Эрон


Мақомоти Эрон ду шаҳрванди хориҷиро бо гумони таҳқиқи ғайриқонунии қазияи зане, ки бо иттиҳоми хиёнат ба шавҳар маҳкум ба эъдом шудааст, боздошт карданд. Хабаргузории ИРНА бо такя ба намояндаи додгоҳ Ғулом Ҳусейн Мӯҳсини Эҷеҳӣ гуфтааст, ин ду нафар дар ҳоле дастгир шуданд, ки бо писари Сокина Муҳаммадии Оштиёнӣ мусоҳиба анҷом медоданд. Хабаргузории ИСНА бошад бо такя ба иттилоъи Эҷеҳӣ навиштааст, ки боздоштшудаҳо олмонӣ буда, бо раводиди сайёҳӣ вориди Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG