Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди ҳукумати Данғара аз телевизиони давлатӣ


Аҳмад Неъматов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара

Аҳмад Неъматов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара

Мақомоти ҳукумати ноҳияи Данғара, афзоиши мадҳу сано дар баъзе гузоришҳои шабакаи аввали телевизионро танқид карданд. Онҳо мегӯянд, азбаски Данғара зодгоҳи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, таблиғи аз ҳад беши мақомоти маҳаллӣ, таъсири баръакс хоҳад дошт.

Аҳмад Неъматов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара гуфт: «Гап сари ин аст, ки намояндагони баъзе маҳалҳои дигар нагӯянд, ки Данғара, ки маҳалли таваллуди Ҷаноби Олист, барои ҳамин ин ноҳияро бештар таъриф мекунанд. Барои ҳамин мо ва раиси ноҳия ҳам доим хоҳишу таъкид мекунем, ки ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи моро аз будаш зиёд нишон надиҳанд. Мо мехоҳем ҳамин чизе, ки ҳаст, ҳамин муваффақиятҳо ва мушкилотамонро нишон диҳанд. Сохтмон аст, роҳ аст, ободкорист, кори хоҷагии деҳқонист, хуллас, чи соҳае, ки бошад, аз будаш зиёд нишон додан дуруст ва лозим нест…»



Ҷаноби Неъматов дар посух ба ин суол, ки оё кадом гузоришҳои телевизионӣ боиси нигаронӣ шудааст гуфт, Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар як барномаи нимсоата муовини раиси хоҷагии деҳқонии ба номи "Раҳмонҷон"-ро се дафъа, гоҳе бо кулоҳ, гоҳ бо либоси дигар намоиш дод. Дар ҳоле, ки раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Данғара тавсифи пешрафти ин хоҷагии деҳқониро аз ҳақиқат дур намедонад, вале мегӯяд, ин далел, ки раҳбари хоҷагӣ Нуриддин Раҳмонов, бародари раисиҷумҳур аст метавонад дар манотиқи дигар бардошти ғалатро ба бор биёрад.

Тавсифҳои муболиғаомез

Интиқод аз намоишҳои тавсифии Шабакаи телевизионӣ дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳам матбуот, ҳам доираҳои сиёсӣ ва ҳам сокинони одии кишвар нороҳатии худро аз тамаллуқҳои рӯи рост ва таблиғоти бебаркаши мақомот пинҳон намедоранд. Ин гуна барномаҳо ҳамчунин метавонанд андешаеро дар зеҳни ҷомеъа тақвият диҳанд, ки раисиҷумҳур ё мансабдорони баландмақоми ин ноҳия бештар дар фикри зодгоҳи худ ҳастанд ва ба ободонии минтақаҳои дигар таваҷҷуҳ надоранд.

Шоира Қурбонова таҳлилгари умури матбуот мегӯяд:«Таблиғи аз ҳад беши афроди мансабдор, ё фаъолияти кории ҳукуматҳо ва мисли ин, албатта, агар ба ифрот расад, метавонад антиреклама шавад. Бисёр вақт, чунин ба назар мерасад, ки телевизион ба минбари хоси як гурӯҳ табдил ёфтааст. Барномаҳои сиёсӣ, таҳлили амиқ ё дида намешавад ё каманд. Бештар барномаҳои фароғатӣ, консерту филмҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Бояд телевизион, ки воситаи пуриқтидори иттилоърасонӣ мебошад, бештар аз ҳаёти инсонҳои қаторӣ, аз мушкилоти рӯзгор ва роҳҳои ҳалли он барномаҳо таҳия кунанд, на фақат барномаҳои фармоишӣ ва таърифию тавсифӣ…»

"Барномаҳои саропо тафреҳиянд"

Сокинони ноҳияи Данғара низ аз барномаҳои шабакаҳои телевизионии кишвар қаноатманд нестанд ва мегӯянд, ин намоишҳо на ҳама хостаҳои тамошобинро бароварда месозанд. Идигул Солиева, сокини ноҳияи Данғара, мегӯяд, барномаҳои телевизионӣ саропо тафреҳиянд, ё намоишҳои начандон ҷолиб аз майдони пахтаву киштзорҳо пахш мешаванд. Ӯ мегяд азбаски ҷомеъа гирифтори мушкилоти иҷтимоист, телефизион низ ба муштариҳо бояд барномаҳои таҳлилию иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро бештар пешкаш кунад:

«Ман мехоҳам, ки дар бораи сағираву бесарпаноҳони ноҳияи мо гузоришҳо пахш кунанд. Масалан, дар мактаб ятимонро номнавис мекунанд, то ки барои онҳо кӯмакҳо расонанд, аммо ин кӯмакҳо барои бесарпаноҳонро муаллимон худашон мегиранд. Телевизион ҳамин хел проблемаҳоро бардорад, чӣ хуб. Барномаҳои хуби таҳлилию танқидӣ ҳам пахш кунанд».



Бархе аз сокинони ин минтақа дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфтаанд, ки телевизион дастрастарин расонаи хабарӣ аст ва бояд рисолати худро софдилона иҷро кунад ва шаҳрвандонро дар ҷараёни таҳаввулоти муҳим қарор диҳад. Сокинони ин минтақа дар баробари аҳамияти масоили иҷтимоиву иқтисодӣ пахши ахбори мӯътамад ва мунсифона аз рӯйдодҳои дохили кишвар, аз ҷумла ҳодисаҳои Раштро аз муҳим арзёбӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG