Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агар дар кӯча суол кунед, ки дар интихоби сарулибос ба кадом навъи матоъ бартарӣ медиҳанд, ба эҳтимоли қавӣ аксаран аз матоъҳои пахтагӣ ном мебаранд.

Бо вуҷуди гарон будани нархи либосҳои пахтагӣ, мардум онҳоро хуш доранд ва харидорӣ мекунанд. Аммо дар ҳоле, ки мардум аз пайи роҳати бадан ва либоси бароҳати пахтагӣ мегарданд, шояд кам нафаре ҳангоми пушидани либоси бароҳати пахтагӣ аз заҳмати кишварз ёдовар шавад ва дар ҳақи деҳқон дуои нек кунад.

Пахта аз маҳсулотҳои стратегии Тоҷикистон аст, ки гӯшае аз баҷаи кишварро мепӯшонад. Аммо баъди шурӯъи муҳоҷирати кории мардҳо ба кишварҳои хориҷ, бори кишту парвариш ва чиниши пахта асосан бар души занҳову кӯдакон афтодааст.



Маоши онҳо бо заҳмати сангин дар зери офтоби тафсон қобили қиёс нест. Аммо боз ҳам ду тангаро ба ҷайби деҳқон ворид мекунад. Тоҷикистон, ки дар замони шӯравӣ наздик ба 900 ҳазор тонна пахта ба даст меовард, ҳоло бо чидани наздик ба 300 тонна қаноат мекунад.

Аз имтиёзҳое, ки кишоварз дар гузашта дошт, тақрибан чизе боқӣ намондааст ва аз ҳама риққатовар он аст, ки деҳқони пахтакор бо маоши ночизи худ ҳоло имкони харидории куртаҳои пахтагиро надорад ва умдатан бо матоъи синтетикии чиноӣ иктифо мекунад.

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» дар саҳро меҳмони занони деҳқон буд, бо бачаҳои деҳқон сӯҳбат дошт ва ин наворро таҳия кард:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG