Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ ҳизби Қирғизистон вориди парлумон мешаванд


Панҷ ҳизби сиёсии Қирғизистон садди панҷ дар садиро гузаштаанд ва соҳиби курсиҳои парлумон хоҳанд шуд. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, Кумиссиюни Марказии Интихобот иттилоъ дар бораи раъйдиҳӣ аз ҳама қитъаҳоро дастрас кардааст. Чун пештар дар сабқати аҳзоб ҳизби миллатгарои “Ота-Ҷурт” пешсаф аст. Ҳизби сотсиал-демократ дар мақоми дуввум қарор дорад. Ба феҳристи панҷ ҳизби шомили парлумон ҳамчунин ҳизбҳои “Оруномус”, “Республика” ва “Ота-Макон” ворид шудаанд.
Нозирони байнулмилалӣ аз натоиҷи интихоботи парлумонии Қирғизистон истиқбол карданд. Ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар гузориши худ гуфтааст, ки дар ин маърака аҳзоби дорои ақидаҳои мухталиф ширкат доштанд ва интихобот ба таҳкими демократия дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон нозирони созмон ба ногузирии ислоҳоти ҷиддии қонунгузории интихоботии Қирғизистон ишора намуданд.
Барои 120 курсии парлумони Қирғизистон 29 ҳизби сиёсӣ мубориза бурданд. Ба пояи Қонуни асосии кишвар, ҳизби пирӯз дар интихобот ҳаққи ташкили ҳукуматро дорад. Дар вазъи феълӣ, барои ташкили ҳукумат чанд ҳизб бояд эътилоф таъсис кунанд.
XS
SM
MD
LG