Пайвандҳои дастрасӣ

Бурҳониддин Раббонӣ: "Сулҳ бо ҳамкорӣ ба даст меояд"


Бурҳониддин Раббонӣ

Бурҳониддин Раббонӣ

Имрӯз дар Афғонистон ба таври расмӣ Шӯрои Олии Сулҳи ин кишвар зери раёсати Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури собиқ ба кор шурӯъ кард. Вай дирӯз дар нахустин ҷаласаи Шӯрои мазкур, ки аз 70 нафар узв иборат аст, ба раёсати ин шӯро баргузида шуд.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, низ аз ин тасмими шӯро истиқбол кард ва гуфт, оқои Раббонӣ яке аз шахсиятҳои собиқадор ва барои сулҳи Афғонистон муфид аст.

Худи Раббонӣ низ дар ин ҷаласа ёдоварӣ кард, ки "Сулҳ дар натиҷаи ҳамкорӣ ба даст меояд". Ёдовар мешавем, ки Бурҳониддин Раббонӣ яке аз раҳбарони муҷоҳидини Афғонистон буд, ки бар зидди таҷовузи Шӯравӣ дар соли 1980-ӯм мубориза кард. Вай аз соли 1992 то соли 1996, яъне то замоне, ки тавассути Толибон барканор шуд, мақоми раёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт.

То ҳол Кумиссиюни таҳкими сулҳ ба раҳбарии Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси Сенои Афғонистон, заминаи ташкили ин шӯроро фароҳам месохт ва ҳатто бо баъзе аз гурӯҳҳои Толибон тамосҳои ғайрирасмӣ низ барои оғози музокироти сулҳ сурат гирифтааст.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Воқиф Ҳакимӣ - сухангӯи Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон пурсидам, дар музокирот бо Толибон бештар кадом роҳҳои расидан ба сулҳ баррасӣ хоҳад шуд:

Ҷавоб: -Сар аз имрӯз ин шӯро амалан кори худро зери раҳбарии ҷаноби устод Раббонӣ оғоз кардааст. Корҳоеро, ки ин шӯро бояд анҷом бидиҳад, баррасии роҳҳо, тактикҳо ва шеваҳои расидан ба сулҳ бо мухолифони мусаллаҳи давлат, яъне Толибон аст. Ин масъала ҳам аз лиҳози байналмилалӣ ва ҳам аз лиҳози минтақавӣ ва миллӣ бояд тозакорҳоеро матраҳ кунад.

Суол: -Оқои Ҳакимӣ, дар гузашта дар матбуот хабарҳо ба чашм мерасид, ки давлати Афғонистон ба ҳар ҳол бо ҷониби Толибон музокиротро шурӯъ кардааст. Ин як навъ идомаи ҳамон музокирот аст ё тибқи барномаҳои комилан нав ин раванд шурӯъ хоҳад шуд?

Ҷавоб: -То ҳанӯз ҳеҷ навъ музокираи расмӣ, ки битавонад мустанадоте дошта бошад, вуҷуд надорад. Аммо миёни ҳам баъзе мақомоти Афғонистон ва ҳам мақомоти байналмилалӣ, монанди Кай Ай Ди - намояндаи СММ дар Афғонистон тамосҳое бо бархе ҷиноҳҳои Толибон вуҷуд доштааст. Аммо кореро, ки ин шӯро бояд анҷом бидиҳад, ман фикр мекунам, ки бо назардошти таҷруба ва идомаи ҳамаи ин музокирот, як барномаи густардаеро бояд анҷом диҳад, то битавонад сулҳи пойдор ва фарогирро дар Афғонистон таъмин букунад.

Суол: -Чӣ гурӯҳҳое аз ҷониби Толибон ба ҷараёни музокироти сулҳ ҷалб хоҳанд шуд?

Ҷавоб: -Дар Шӯрои Олии Сулҳ баъзе аз шахсиятҳое вуҷуд доранд, ки қаблан бо ҷунбиши Толибон ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ доштанд. Онҳо аъзои Толибон хонда мешуданд. Ин нишон медиҳад, ки ин ҷараён ҷарёни фарогире бошад, ки қаноати дарунии ҳамаи тарафҳои низоъ, чӣ давлат, чӣ неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон ва чӣ Толибон ва касоне, ки аз Толибон ҳимоят мекунанд, ба гунае бояд ҳам таъмин шавад.

Суол: -Ва оё худи Мулло Муҳаммад Умар - раҳбари ҷунбиши Толибон низ ба ин раванд ҷалб хоҳад шуд ва ё шартҳое, ки аз ҷониби Мулло Муҳаммад Умар матраҳ мешавад, дар музокирот баррасӣ хоҳанд шуд?

Ҷавоб: -Ин бисёр зуд аст, аммо чӣ касоне аз ҷунбиши Толибон ба раванди сулҳ хоҳанд пайваст, чӣ ҷиноҳҳое, ин ба бовари банда бисёр зуд аст. Аммо бояд ҳамаи ҷиноҳҳои ҷунбиши Толибон муттақоид шаванд, ки ба ин раванд бипайванданд.

Суол: -Чун шунавандаи мо дар Тоҷикистон аст, мо агар баргардем ба таърихчаи сулҳи тоҷикон мебинем, ки ба ҷуз аз ҳайатҳо аз ду ҷониби сулҳ намояндагони кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои зидахл низ дар он ширкат доштанд. Оё кишварҳое, аз қабили Покистон, Эрон ва ё Амрикову кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки дар таъмини сулҳи Афғонистон нақши бориз доранд, дар ин музокирот ширкат хоҳанд кард?

Ҷавоб: -Масъалаи Афғонистон ҳам аҳамияти байналмилалӣ дорад ва ҳам аҳамияти минтақавӣ. Бояд ҳамаи ин кишварҳо нақши мусбате дар раванди сулҳ бозӣ бикунанд. Чун як бахши минтақавӣ ва байналмилаллии қазияи Афғонистон ба ин кишварҳо тааллуқ дорад.

Суол: -Масалан, агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки нируҳои Амрико дар Афғонистон мустақар ҳастанд, ба Амрико дар ин музокирот чӣ нақш қоил хоҳанд шуд?

Ҷавоб:
-Бояд дар ин маврид мунтазири шарту шароити тарафҳо бошем, хосатан Толибон, ки бо оғози пайвастан ба раванди сулҳ чӣ шарту шароит матраҳ хоҳад шуд. То ҳол бидуни шак яке аз шартҳои Толибон хуруҷи нируҳои хориҷӣ аз Афғонистон будааст. Дар чанду чуни ин масъала бидуни шак баҳсҳое лозим аст. Бояд музокироте бо кишварҳое, ба монади Амрико ва Иттиҳодии Аврупо сурат бигирад ва вазифаи миллии Шӯрои Олии Сулҳ ҳам ҳамин аст, ки ин роҳҳоро барои овардани сулҳ ҳамвор созад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG