Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод


Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод ба ду донишманди амрикоӣ ва як донишманди бритониёвӣ эҳто гардид. Ба иттилоъи Кумитаи Нобел, Питер Даймонд, профессори донишгоҳи технологии Массачусетс, Дейл Мортинсен, донишманди Донишгоҳи Шимолу Ғарби аёлати Иллинойс ва Кристофер Писсаридис, профессори Мактаби иқтисодии Лондон, барои пажуҳишҳояшон дар бахши таҳлили мавҷудияти ҳамзамони ҳам бекорӣ ва ҳам ҷойҳои кории холӣ ба Ҷоизаи Нобел сазовор дониста шуданд.
Кумитаи Нобел ҳама барандагони имсолаи ин ҷоизаи бонуфузро эълон кард. Қарор аст, ки маросими супурдани ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 10 декабр дар шаҳри Осло ва дигар ҷоизаҳо ҳамон рӯз дар шаҳри Стокҳолм баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG