Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корманди полис дар қуштори наврас айбдор шуд


Додгоҳи Юнон корманди полис Епаминодас Корконеасро дар куштори навраси 15-сола ҳангоми намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Афина дар моҳи декабри соли 2008 айбдор донист. Имрӯз додгоҳ бояд ҳукми худро дар баробари Корконеас эълон кунад. Интизор меравад, ки ӯ ба ҳукми абад маҳкум шавад. Як корманди дигари полис дар даст доштан дар ин куштор муттаҳам шудааст.
Ҳалокати наврас аз сӯи корманди полис боиси эътирозҳои густарда дар шаҳрҳои Юнон гардид, ки тақрибан ду ҳафта идома кард.
XS
SM
MD
LG