Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба корвони мошинҳо дар Шӯрообод


Деҳаи Ёл дар минтақаи марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон

Деҳаи Ёл дар минтақаи марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон

Бино ба гузоришҳои расида, шаби якшанбе ба душанбе як корвони мошинҳо дар роҳи Кӯлоб - Дарвоз, дар минтақаи марзии Шӯрообод ҳадафи ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтааст. Аммо дар ҳоли ҳозир ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ ба сурати муназзам идома дорад.

Бино ба гузоришҳои расида, афроди мусаллаҳ ду нафарро ба худ бурдаанд.

Ба гуфтаи танзимгари терминали Хоруғ Элназаров, як гурӯҳи ношинос ба мошинҳои хатти ҳаракати Хоруғ - Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод ҳамла намуда, ронандагонро маҷбур кардаанд, ки пул ва телефонҳои ҳамроҳ ва дигар дороиҳояшонро таслим кунанд.

Бархе аз расонаҳо хабар додаанд, ки афроди ҳамлавар сокинони маҳаллиро ба гарав бурдаанд. Аммо ин ҳама хабарҳо то кунун тайид нашудаааст.

Ба қавли Элназаров, ин гурӯҳи ҳамлагар дар тан либоси афғонӣ дошта, аммо мусаллаҳ набудаанд. Ронандагони ҷабрдида гуфтаанд, ки рафтору муносибати онҳо бештар ба авбошон монанд будааст.

Замоне, ки ин гурӯҳ ба корвони мошинҳо ҳамла овардаанд, ба вақти маҳаллӣ соат тақрибан 21.30 дақиқа буда ронандагон шумори ҳамлагаронро то 10 нафар мегӯянд, вале дар бораи теъдоди афроди ҳамлагар хабари дақиқ дар даст нест.

Аммо ба иттилои бархе дигар манбаҳо теъдоди афроде, ки марзро дар минтақа миёни ноҳияи Шӯрообод ва Дарвоз убур кардаанд, даҳҳо нафар тахмин зада мешавад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки эҳтимол дорад, ин афрод мансуб ба гурӯҳҳои ифротгарое бошанд, ки бо ҳадафи ноором сохтани вазъ мехоҳанд як ҷабҳаи дигари ноаманӣ дар минтақа созмон диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир, ба манзури тақвияти ҳимоят аз марз нерӯҳои иловагӣ аз минтақаи Кӯлоб ба Шӯрообод эъзом шудааст.

Шоҳидон мегӯянд, бо вуҷуди ин, дар ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе - Хоруғ ихлол науфтода ва аз субҳ ба ин сӯ дар ҷодаи мазкур ҳаракати мошинҳо ба сурати муназзам идом адорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG