Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатл дар Тоҷикистон лағв хоҳад шуд?


Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири баррасии мавзӯъи лағви комили ҳукми қатл дар кишвар гурӯҳи вижаи кориро таъсис кардааст. Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқ Содиқ Шоҳназаров гуфт, ки ба ин гурӯҳ намояндагони ҳукумат, кормандони сохторҳои интизомӣ ва донишмандони бахши ҳуқуқ ворид шудаанд. Раёсати гурӯҳи кориро мушовири давлатии раисиҷумҳур Ҷумъахон Давлатов бар ӯҳда дорад. Ба гуфтаи Содиқ Шоҳназаров, бар пояи омори расмӣ, 60 дар сади шаҳрвандони Тоҷикистон алайҳи ҳукми эъдом дар кишваранд.
Ёдовар мешавем, ки 15 июли соли 2004 ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои ҳукми эъдом мораторий ҷорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG