Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи бозрасии додгоҳии парвандаи таркишҳо дар Лондон


Дар Бритониё расман бозрасии додгоҳӣ аз рӯи парвандаи ҳалокати 52 нафар бар асари таркишҳо дар Лондон дар рӯзи 7 июли соли 2005 шурӯъ шуд. Мурофиа панҷ моҳ боз идома дорад. Шурӯъи мурофиа чанд бор бар асари ба дарозо кашидани тафтишот ба таъхир уфтод. Яке аз ҳадафҳои бозрасӣ мушаххас кардани он буд, ки оё хадамоти интизомӣ ва кашфи Бритониё имкони ҷилавгирӣ аз таркишҳо дар метро ва афтобуси Лондонро доштанд ё на.
Се сол қабл маълум шуд, ки хадамоти кашфи Бритониё то ин ҳамла дар бораи фаъолиятҳои террористии яке аз созмондиҳандагони ҳамла Муҳаммад Сиддиқ Хон хабар доштанд.
XS
SM
MD
LG