Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Global Hunger Index: Як миллиард сокини сайёра камғазоянд


Айни ҳол беш аз як миллиард сокини сайёра аз камғазоӣ азият мекашанд. Ба пояи гузориши Global Hunger Index, ки аз сӯи мутахассисони Пажуҳишгоҳи байнулмилалии сиёсати озуқа ва бархе аз созмонҳои хайрия таҳия шудааст, агар аз соли 1990 то соли 2006 теъдоди афроди камғазо дар сайёра коҳиш ёфта бошад, пас тайи чаҳор соли ахир шумораи онҳо боз афзоиш ёфт.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки, ба вижа, мушкили гуруснагӣ ва камғазоии кудакон дар кишварҳои фақиртарини олам боиси нигаронист.
XS
SM
MD
LG