Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шарқи Ҳиндустон як киштӣ ғарқ шуд


Бар асари ғарқ шудани киштӣ дар аёлати Биҳар, воқеъ дар шарқи Ҳиндустон, дасти кам 37 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи мақомоти кишвар, даҳ нафар то ҳол беному нишонанд. Дар киштие, ки барои тақрибан 30 нафар мусофир пешбинӣ шудааст, беш аз 50 кас савор шуда буданд.
Бештари кушташудагон кишоварзони маҳаллиянд, ки аз кор бармегаштанд. Ҷустуҷӯи мусофирони ғайбзада идома дорад.
XS
SM
MD
LG