Пайвандҳои дастрасӣ

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори телевизиони вилоятии «Хатлон», дар пойгаи кӯҳӣ ба масофаи 10 километр бахшида ба 198-солагии муҳорибаи Бородино дар шаҳри Можаевски Русия мақоми дуввумро касб кард

Дар ин мусобиқа беш аз 400 варзишгар аз Русия, Беларус, Молдова ва Тоҷикистон ширкат карданд. Давлаталӣ Шамсов, ягона намояндаи Тоҷикистон, бо натиҷаи 50 дақиқаю 52 сония дуввумин шуда ба марра расид. Ӯ бо медали хотиравӣ, ифтихорнома ва диплом сарфароз гашт.

Леонид Суханов (шаҳри Орёли Русия) бо натиҷаи 48 дақиқаю 22 сония ғолиби мусобиқа шуд. Александр Хазиев (шаҳри Шаховскаяи Русия) бо натиҷаи 52 дақиқаю 04 сония мақоми севумро касб кард.

Давлаталӣ Шамсови 58-сола, ки узви Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон мебошад, аз шаҳри Маскави Русия тавассути телефон ба радиои Озодӣ гуфт, вай 17-уми октябр дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-при бо номи «Ҳафт теппа» дар шаҳри Витяз ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, Давлаталӣ Шамсов, ҳамчунин, имсол дар мусобиқаи байнулмилалии «Инсон ва кайҳон» ба муносибати Рӯзи кайҳоннавардон дар шаҳри Королёвои Русия дар пойга ба масофаи 10 километр мақоми дуввум ва дар дави марафонӣ бахшида ба 65-солагии Рӯзи ғалаба бар фашизм дар шаҳри Маскав мақоми севумро касб карда буд.
XS
SM
MD
LG