Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти 50 донишҷӯи тоҷик аз кишварҳои исломӣ


Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин

Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, 50 тан аз донишомӯзоне, ки дар мадрасаҳои Покистон ва Арабистон таълим мегирифтанд, ба ватан бозгаштаанд. Ҳоло ин кумита дар садади таҳияи феҳрасти асомии донишҷӯёне аст, ки дар мадориси исломии хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин гуфт, феълан дар бораи дар мадориси хориҷӣ таҳсил кардани 1432 толибилми тоҷик маълумот ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти ноҳияи Данғара аз бозпас овардани 3 муҳассил аз кишварҳои исломӣ хабар доданд.

Тоҳирхон Раҷабов, масъули умури дин дар ҳукумати Данғара мегӯяд, ин ҷавонҳо чанд соле пеш ба таври ғайрирасмӣ ба Покистон ва кишварҳои дигари исломӣ рафтаанд, ки ахиран бо сармояи ҳукумати ноҳия оварда шудаанд.

Ин масъули ноҳияи Данғара гуфт, ки феълан 13 тан аз ҷавонони ин ноҳия дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, ки бозпас оварда хоҳанд шуд.

Шароити таҳсили муҳассилини бозгашта тазмин мешавад

Вай гуфт, теъдоди дақиқи чунин толибилмон танҳо дар пайи таҳияи рӯйхати комил маълум хоҳад шуд.

Дар бораи донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии динӣ дар кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, «хазинаи иттилоот» ташкил карда, иттилоъи зарурӣ дар бораи онҳоро аз аксари шаҳру навоҳӣ ҷамъоварӣ кардем. Мутаассифона, мақомоти ноҳияҳои Тавилдара, Тоҷикобод, Фирдавсӣ, Сино, Исмоили Сомонии пойтахт каммасъулиятӣ зоҳир карда, маълумоти заруриро ба кумита пешниҳод нанамудаанд”,-илова кард ӯ.

Масъулони Кумитаи дин ҳамчунин мегӯянд, шароити таҳсили он донишҷӯёни тоҷикро, ки аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон бармегарданд, тазмин хоҳанд дод.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, гуфт, донишомӯзон баробари бозгашт ба ватан, на муҷозот, балки ба таълим фаро гирифта мешаванд: “Ҳатман комиссия ташкил мешавад. Комиссия вобаста ба сатҳи таълиме, ки онҳо дар хориҷ аз кишвар гирифтаанд, равияи омӯзиш ва дар кадом донишгоҳ ё донишкадаи Тоҷикистон таҳсил карданашонро маълум мекунад.”

Аммо оқои Мухторов афзуд, бозгардонии ин ҷавонон на ба сурати иҷборӣ, балки бо роҳи тавсия ва маслиҳат сурат хоҳад гирифт.

Нигаронии хонаводаҳои донишҷӯён

Абдурашид, як ҷавони тоҷик, ки аз роҳи хусусӣ ба Миср рафта, ҳоло дар донишгоҳи Ал-Азҳар таълим мегирад, мегӯяд, ки мақомот ба манзили онҳо низ рафта, бо волидонаш дар бораи бозгашти ӯ ба ватан сӯҳбат кардаанд.

Вай мегӯяд, ҳадафи омаданаш ба Миср на омӯзиши ифротгароист, ки мақомот тафсир мекунанд, балки қабл аз ҳама огоҳии комилтар аз илми ислом аст.

Абдурашид тафсири Қуръонро аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ таълим мегирад. Таҳсили ӯ дар соли 2013 расман ба охир мерасад ва ӯ мегӯяд, ки дар он сурат дубора ба ватан боз хоҳад омад.

Аммо хонаводаи як ҷавоне, ки ҳоло дар яке аз кишварҳои исломӣ таълим мегирад, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба мо гуфтанд, ки чунин даъватҳои батакрори мақомот дар дилашон шубҳаеро барангехтааст.

Онҳо мегӯянд, маълум нест, ки баробари бозгашт фарзандонашонро чӣ сарнавиште интизор аст: тафтишу санҷиши мақомот ё идомаи таҳсил дар мадрасаҳои дохилӣ.

Чаро таҳсил дар хориҷ аз кишвар?

Фаромарзи Абдувалӣ, аз донишмандони улуми исломӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб, низ дар як нома ба мо иқдоми мақомоти Тоҷикистон барои бозгардондани донишомӯзонро “баҳонае барои ҷилавгирӣ аз нашри илми исломӣ” номидааст.

Вай дар номааш нигоштааст, “агар ҳукумат олимони асили исломро иҷозат диҳад, ки дар мадориси динии кишвар дарс диҳанд ва аз болои донишомӯзони мадорис фишору таъқиб накунаду адади мадориси диниро зиёд кунад, бовар дорам, аксари он толибилмон ба ватан бозмегарданд.”

Сафари Абдулаҳад, таҳлилгари тоҷик низ мегӯяд, дар сурате, ки замина барои таълими комили дини ислом дар кишвар фароҳам нест, даъват барои бозгардонии навҷавонон аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ иштибоҳ буд.

“Барои онҳо мо бояд донишгоҳҳои мувофиқ дошта бошем, то онҳо дар ин ҷо омада таҳсил кунанд. Зеро аксари донишҷӯёне, ки ҳоло дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба далели камбуди молӣ ба он ҷо ба таври ғайрирасмӣ рафтаанд”, -афзуд вай.

Ҳоло дар кишвар ҳудуди бист мадраса ва як донишкадаи исломӣ фаъол аст, ки он ҳам зери итоати кумитаи дин қарор дорад.

Мақомот мегӯянд, ҳамчунин бар асоси қонуни нави дин ҳамаи масоҷиди ҷомеъ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, ҳаққи ташкили мадрасаҳо ва гурӯҳҳои таълимиро доранд.

Раиси ҷумҳур низ хостори бозгашти муҳассилин шуда буд

Бо ин ҳол, иқдоми бозпас хондани навҷавонҳои тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ дар охири моҳи август ва дар пайи суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд.

Вай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бештари онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дар мадрасаҳои динии исломӣ таълим мегиранд, ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ мегароянд.

Оқои Раҳмон ба дунбол аз волидайни чунин толибилмон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси хориҷӣ бозпас бихонанд.

Аммо ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам масъулони Кумитаи дин дар ин маврид аз кадом як кишвари хосе ном намебаранд.

Ахиран дар як филми мустанад бо номи "Масири гумроҳон", ки ҳама шабакаҳои телевизонии кишвар намоиш доданд, гуфта шуд, ки чанд тан аз ҷавонҳои тоҷик дар мадрасае дар Вазиристони Покистон таълимоти террористӣ мегиранд.

Мақомот бо ишора ба собиқаи бархӯрди мардум бо ҷараёнҳое, чун салафия мегӯянд, аз он тоифа донишҷӯёне дар ҳаросанд, ки дар хориҷ таълимоти ғайриҳанафӣ гирифта, метавонанд фитнаҳои наверо дар кишвар ба по кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG