Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Тоҷикистон ба интихоботи Қирғизистон


Тоҷикистон аз интихоботи баргузоршудаи порлумони Қирғизистон истиқбол кард. Душанбе мегӯяд, парлумони нав метавонад дар таъмини субот ва ҳалли масоили Қирғизистон саҳми арзанда бигирад.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, Қирғизистон барои Тоҷикистон давлати ҳамсоя ва дӯсту ҳамкор ва яке аз шарикони муҳим дар минтақа мебошад, ки мавқеъҳои ҳар ду кишвар дар бисёре аз масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ шабеҳ аст.


Ба гуфтаи оқои Назрӣ, Тоҷикистон аз раъи мардуми Қирғизистон ҷонибдорӣ мекунад ва умедвор аст, ки порлумони нав битавонад дар таъмини сулҳу суботи кишвар ва ҳалли мушкилоти мавҷуд дар ин кишвар саҳим бошад.

Қаблан низ Тоҷикистон аз қабули Қонуни асосии нави Қирғизистон, ки гузариш ба низоми порлумонӣ асоси онро ташкил медиҳад, истиқбол ва омодагиашро барои ҳамкорӣ бо ҳукумати ин кишвар эълон карда буд.

Интихоботи парлумонии рӯзи 10 октябр дар Қирғизистон аммо бидуни пирӯзии чашмгири кадоме аз 29 ҳизбу эътилофи дари ин маърака ширкатварзида анҷом ёфт.

Бар асоси шумориши муқаддамотии оро, ҳизби мухолифи «Ота-Журт» аз ҳама орои бештарро ба даст овардааст. Баъд аз шумориши орои 80 дарсади маҳаллаҳои интихоботӣ, ин ҳизб бо ба даст овардани 8,5 дарсади райи интихобкунандагон, дар мақоми аввал қарор дорад.

Дар мақоми дуввум ҳизби сотсиал –демократ ва дар раддаҳои баъдӣ аҳзоби «Республика», «Оруномус» ва «Ата-Макон» қарор ҷой гирифтаанд. Ғолибан ҳамин 5 ҳизби сиёсӣ метавонанд садди 5-дарсадиро убур карда, ба ҳайъати маҷлиси оянда роҳ биёбанд.

Мақомоти комиссиюни интихоботии Қирғизистон гуфтаанд, ки мизони мушорикати умумӣ 57 дарсад будааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳайъати нозирони САҲА низ аз натоиҷи интихоботи Қирғизистон истиқбол карда, гуфтаанд, раъйгирии рӯзи 10 октябр бо гуногунандешии сиёсӣ ва корзори таккондиҳандааш фарқ мекард ва заминаро барои пешрафти бештар дар роҳи демократия ҳамвор кард.
Интихоботи ахири Қирғизистон аз камшумор интихоботҳо дар Осиёи Марказист, ки чунин мавриди истиқболи нозирони САҲА қарор мегирад.

Интихоботи сарнавиштсоз

29 ҳизби сиёсӣ барои 120 курсии парлумони Қирғизистон вориди сабқат шудаанд ва ҳукумати ояндаи ин кишварро ҳизби пирӯз ё эътилофи аксарият ташкил хоҳад дод.

Қирғизистон нахустин кишвари дорои низоми парлумонӣ на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар паҳнои собиқ Шӯравӣ хоҳад буд.

Аз ин рӯ таҳлилгарон ин интихоботро барои тамоми минтақа муҳим унвон мекунанд.

Мақомоти Бишкек қаблан эълом карда буданд, ки барои баргузории интихоботи шаффоф ва озоди парлумонӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Раванди интихобот аз сӯи 850 нозир аз даҳҳо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ назорат мешавад.

Имтиҳони сангин

Аз нигоҳи коршиносон, раъйдиҳии рӯзи 10 октябр охирин имтиҳони ҷиддӣ барои ҳукумати раисиҷумҳур Роза Отунбоева хоҳад шуд, ки баъд аз ҳаводиси хунини баҳори соли равон ва аз мақом барканор шудани раисиҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев сари қудрат омад.

Ваколатҳои ин парлумон баъд аз ҳамапурсии моҳи июн ва аз низоми президентӣ ба низоми парлумонӣ гузаштани кишвар густариш ёфтааст.

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон, рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон дар Бишкек гуфт, ки “бо вуҷуди овозаҳо ва шакку шубҳаҳо интихобот баргузор хоҳад шуд. Мо ба ин маърака муддати тулонӣ омодагӣ гирифтем ва кори зиёдеро анҷом додем, Барои раъйдиҳӣ ҳама чиз омода аст ва мо омодаем, ки бо ҳама гуна мушкилот руёрӯӣ кунем.”

Қанот Савдобоев, раиси САҲА, интихоботи парлумонии Қирғизистонро калиде ба ояндаи ин кишвар хонд

«Калиде ба оянда»

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзи якшанбе калиде ба ояндаи ин кишвар хоҳад шуд.

Раиси ин созмон, вазири умури хориҷии Қазоқистон, Қанот Савдобоев гуфт, "интихобот барои ояндаи ин кишвар сарнавиштсоз хоҳад буд ва барои ғолибонаш вазифаҳои сангине дар пеш хоҳад дошт."

Вай аз сарони Қирғизистон даъват кард, раъйдиҳии демократиеро тазмин кунанд, ки баёнгари иродаи мардуми ин кишвар бошад.
XS
SM
MD
LG