Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раббонӣ раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон интихоб гардид


Ба дунболи баҳсҳои тулонӣ дар мавриди таъини раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, дар як иҷлоси фавқулода, ки бахши аъзами он ҷанбаи ташрифотӣ дошт ва дар Арки раёсати Ҷумҳурии Афғонистон баргузор шуд, Бурҳониддин Раббонӣ-раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар, ба унвони раиси ин шӯро таъин шуд.

Сухангӯёни раёсати ҷумҳури Афғонистон ба бахши дарии радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳама аъзои шӯрои олии сулҳ ба иттифоқи оро, Бурҳониддин Раббониро ба унвони раиси ин шӯро таъин карда ва масъулияти бузурги пешбурди талошҳои сулҳро ба ӯҳдаи вай гузоштанд.

Раббонӣ бо иттифоқи оро раиси шӯро интихоб шуд

Ба гуфтаи Аҳмад Зиё Сиёмак, як сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон, дар ин иҷлос раиси ҷумҳури Карзай, муовинини вай ва шумори дигар аз мақомоти давлатӣ низ иштирок карда ва дар ҷараёни тасмимгирии аъзои шӯрои олии сулҳ барои таъини раҳбари ин шӯро ҳузур дошт.

69 узви Шӯрои олии сулҳ бештар аз даҳ рӯз қабл таъин шуда ва номҳои ин афрод, ки умдатан раҳбарони гузаштаи ҷиҳодии Афғонистон буданд, ба унвони аъзои Шӯрои олии сулҳ интишор ёфт ва баъдан раиси ҷумҳур Карзай фармонеро низ ин маврид содир кард.

Аммо бо он, ки нахустин иҷлоси Шӯрои олии сулҳ ҳафтаи гузашта баргузор шуд, то акнун барномаи кории дақиқе, ки битавонад барномаҳои баъдии ин шӯроро тавзеҳ бидиҳад, дар ихтиёри расонаҳо ва мардум қарор нагирифта аст.

Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳ дар ҳоле, ки соири аъзои шӯро низ ҳузур доштанд, тааҳҳуд кардааст, ки вай ва аъзои ин шӯро талош мекунанд то сулҳи доимӣ дар Афғонистон мустақар шавад.

Вай гуфт: «Барои овардани сулҳ бояд талошҳои пайгир ва ҳамаҷониба сурат гирад ва мо низ талош мекунем то корҳои ин шӯро ба муваффақият даст ёбад»

Гузоришҳои зиёд вуҷуд дошт, ки дар мавриди таъини раиси Шӯрои олии сулҳ ихтилофи назарҳое миёни аъзои шӯро вуҷуд дорад ва ба ҳамин сабаб ин шӯро зарфи даҳ рӯзи гузашта бидуни доштани раиси мушаххас, нахустин иҷлоси худро баргузор кард.

Умедвориҳо аз Шӯрои олии сулҳ

Сибғатулло Муҷаддадӣ, раиси Сенои Афғонистон, ки қаблан гуфта буд бояд раёсати ин шӯро ба вай дода шавад, ба рӯзи якшанбе дар маросими интихоби раиси Шӯрои олии сулҳ гуфт, ки аз тасмимаш ба ин манзур сарфи назар карда ва муносиб медонад, ки Бурҳониддин Раббонӣ раҳбарии ин шӯроро ба пеш бибарад.

Аммо вай таъкид кард: « Комиссиюни таҳкими сулҳ, ки аз шаш сол ба ин тараф дар заминаи овардани сулҳ ва ташвиқи мухолифон барои пайвастан ба гуфтугӯҳои сулҳ кор мекунад, бояд ба кори худ идома бидиҳад.»

Мақомот дар Арки раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтаанд, ки комиссиюни таҳкими сулҳ ба раҳбари Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ ба кори худ идома хоҳад дод.

Дар ҳоле, ки Шӯрои олии сулҳ дар Афғонистон бо умедвориҳои тозае ба кор оғоз кардааст, аммо тардидҳое бар мавриди тавоноиҳои аъзои Шӯрои олии сулҳ вуҷуд дорад.

Азизулло, яке аз бошандагони Кобул ба ба бахши дарии РО гуфт, ки бештари аъзои ин шӯро бо Толибон ва ҳизби исломӣ хусумат доштаанд ва интизор бурда намешад, ки мухолифин бо ин афрод ба музокира биншинанд.

Толибони мусаллаҳ қаблан эҷоди ин шӯроро рад карда ва онро нотавон тавсиф карда буданд.

Қарор аст, ки дар ҷаласоти баъдии ин шӯро, муовинин ва муншии ин шӯро таъин шаванд то битавонанд талошҳои сулҳро бо ҳаракати тозае пеш бурда ва коре барои хомӯшии ҷанг ва аз кор афтодани туфангҳои доғе, ки барои куштор ва хушунат истифода мешавад, анҷом диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG