Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раббонӣ раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон интихоб шуд


Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистонро, раиси Шӯрои олии сулҳ интихоб кардаанд, ки ҳадафи ин шӯро аз ҷумла музокирот бо Толибон ва хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон аст. Ҳамид Илмӣ, сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳур ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи якшанбе 70 узви шӯро бо иттифоқи оро Бурҳониддини Раббониро раиси шӯро баргузиданд. Бурҳониддини Раббонӣ аз фармондеҳони муҷоҳиддини афғон солҳои 1980 алайҳи нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон ҷангида ва аз соли 1990 то соли 1996, то замони суқути ҳукуматаш аз тарафи Толибон раиси ҷумҳури Афғонистон буд. Дидбони Ҳуқуқи Башар, мегӯяд, Раббонӣ аз ҷумлаи афроди шинохтаи Афғонистон аст, ки ӯро ҳам дар ҷиноятҳои ҷангӣ дар низоъҳои дохилии нимаи аввали соли 1990 дахил медонанд. Дар ҷангҳои он замон ҳазорон афғон кушта ва ё бехонумон шуданд. Бино ба гузоришҳо, баъзе аз раҳбарони Толибон ҷӯёи тамос бо ҳукумати Афғонистон шудаанд, агарчӣ як шарти аслии онҳо барои музокирот тарки Афғонистон кардани нерӯҳои хориҷӣ будааст.
XS
SM
MD
LG