Пайвандҳои дастрасӣ

Белград аз беназмиҳо 1 миллион евро зарар дидааст


Дар бетартибиҳои пойтахти Сербистон шаҳри Белград, ки бинобар раҳпаймоии ҳамҷинсгароён сар зад, даҳҳо нафар захмӣ шуданд ва даҳҳо тани дигар ҳам боздошт. Хисороти ворида аз бетартибиҳо 1 миллион евро баровард шудааст. Рӯзи якшанбе мухолифони раҳпаймоии ҳамҷинсгароён ба сӯи маъмурони мусаллаҳи пулис, санг ва дигар ашё партоб карданд ва пулис ҳам бо гази ашковар ва тирҳои резинӣ посух дод. Дар тазоҳурот ҳамчунин дафтари ҳизби ҳокими демократи Сербистон каме сӯхт. Ба гуфтаи пулис бар асари хушунатҳо 140 нафар аксаран маъмурони пулис захмӣ ва 200 тани дигар ҳам боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG